Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара
Қасри фарҳанг, яке аз биноҳои бузург ва зебои ноҳияи Данғара ба ҳисоб меравад. Ин бино рӯзи 12 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон кушода шуд ва мавриди истифода ќарор гирифт.
Аз руи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ, Қасри фарҳангро хеле дилкашу назаррабо гардонидааст.
Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.
Дар Қасри фарњанг нигористон, толори рақси миллӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи мусиқӣ, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона ва ҳуҷраи ороишии санъаткорон бунёд шудааст.